РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Вазорати фарҳанг масъалаи мубориза ва муқовимат бо коррупсия баррасӣ шуд

1 марти соли 2023 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия пешгирӣ ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Дар ҷаласаи корӣ муовини вазири фарҳанг Шарифзода Манучеҳр Муртазо, Муовини сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники адлия Насрутддинзода Қиёмиддин Шовалӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои табъу нашри системаи тобеи вазорат иштирок намуданд. Ҷаласаро муовини вазири фарҳанг Шарифзода Манучеҳр Муртазо ифтитоҳ намуда, қайд намудаанд, ки масъалаи коррупсияи ҳамчун зуҳуроти номатлуб имрӯз боиси ташвиши ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст.

Коррупсия низ дар қатори дигар хатарҳои глобалӣ ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳар як аъзои ҷомеа зарари назарраси моддиву маънавӣ мерасонад. Албата бо боварӣ метавон гуфт, ки дар ин раванди зидди фасод дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аҳли фарҳангу адаб, чун адибону шоирон, коргардонҳо ва аҳли кормандони фарҳанг нақши муҳим гузошта, метавонанд дар зеҳни мардум афкори зиддикоррупсиониро бедор намоянд.

Муовини сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники адлия Насрутддинзода Қиёмиддин Шовалӣ изҳор доштан, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Агентӣ ва “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” иқдом гирифта шудааст, ки дар тамоми муассисаҳои давлатӣ суҳбату воҳӯриҳо баргузор намоем. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз санаи 26 январи соли 2021 таъкид доштанд, “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад”.

Бинобар ин мубориза ва муқовимат бо фасод ё худ коррупсия амалӣ дастаҷамъона буда, набояд онро ба зиммаи танҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор намуд.

Мавсуф қайд намуданд, ки дар қатори дигар чорабиниҳое, ки барои муқовимат ба коррупсия пешбинӣ шудаанд, нақши аз ҳама асосӣ ва муҳимро чораҳое, мебозад, ки онҳо пеш аз ҳама ҷиҳати огоҳсозӣ ва пешгирӣ кардани ҳолатҳои коррупсионӣ ва ошкору аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда равона карда мешаванд. Зеро бидуни ошкор кардани сарчашмаи пайдоиши хавфҳои коррупсионӣ ва омилҳои бавуҷудоварандаи он, мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб мушкил мегардад. Истифодаи васеи ахбори омма дар самти тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ, табъу нашри адабиётҳои илмию оммавӣ дар мавзуҳои зиддикоррупсион ва дар ин самт нашр намудани хабару мақолаҳо дар матбуоти даврӣ ҷиҳати дар байни аҳолӣ ба вуҷуд овардани вазъи тоқатнопазирӣ ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва пурзӯр намудани ташвиқу тарғиби амалҳои зиддикоррупсионӣ пайваста таъмин карда мешаванд.

Дар фарҷоми ҷаласа номбурда баён доштанд, ки бояд тамои хизматчиёни давлатӣ хушёрию зиракиро аз даст надода, дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии омилҳои коррупсионӣ фаъол бошанд, барои ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ тамоми нерую ғайратӣ худро равона созанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram