РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзи модар. Дар ДДОТ таҳти унвони “Саҳми бонувон дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол” чорабинии илмиву фарҳангӣ баргузор гардид

1 марти соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи модар ва “Соли 2023-соли омӯзиши забони русӣ таҳти унвони “Саҳми бонувон дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол” чорабинии илмиву фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз донигоҳи мазкур хабар доданд.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Нигора Назарзода, профессори кафедраи забони муосири руси Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ Руқия Қурбонова, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурзода ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Манижабону Аминзода ширкат ва суханронӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки баъди ба даст овардани истиқлолият мақоми зан дар ҷомеаи Тоҷикистон баланд гардида, фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ самаранок мебошад ва теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар ҳама сохтору мақомоти давлатию ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми худро гузошта истодаанд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ баҳри болидахотирии ҳозирин аз тарафи ансамбли “Чеҳранамо”-и донишгоҳ барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram