РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини вазири саноат ва савдои Федератсияи Россия Алексей Груздев мулоқот намуд

28 феврали 2023 дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муовини вазири саноат ва савдои Федератсияи Россия Алексей Груздевро, ки бо сафари корӣ ба вилояти Суғд омад, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти дуҷониба​ Раҷаббой Аҳмадзода ва Алексей Груздев​ аз сатҳи кунунии​ ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Федератсияи Россия изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид карда шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин​ шарикии стратегӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳо сол то сол таҳкиму густариш меёбад.

Дар мулоқоти васеи ҷонибҳо Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, аз ҷумла Нижегород, Свердлов, Челябинск, Оренбург, Саратов, Астрахан, Иваново, Липетск, Воронеж, Красноярск, Алтай, Доғистон ва ғайраҳо​ ҳамкории зич дорад.​ Гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд бо минтақаҳои Россия сол аз сол афзуда, дар соли 2022 ба 616,6 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд.

Тазаккур дода шуд, ки​ вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон буда, ҷонибҳо метавонанд бо сармоягузории муштарак дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ тарҳҳои навро амалӣ созанд, ки​ барои рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши гардиши молу маҳсулот мусоидат намояд.

Раиси вилоят ҳамзамон доир ба вазъи кунунии соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маҳсулоти дар вилоят истеҳсолшаванда, маҳсулоти содиротӣ, фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», фазои мусоиди сармоягузорӣ маълумот дода, омодагии вилоятро барои тавсеаи ҳамкориҳо баён дошт.

Муовини вазири саноат ва савдои Федератсияи Россия Алексей Груздев бо изҳори хушнудӣ аз истиқболи самимӣ доир ба ҳадафи сафар, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилояти Суғд, мусоидати вазорати саноат ва савдо дар густариши робитаҳои иқтисодӣ ибрози андеша намуд.​

Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкориҳо ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram