РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Мизи мудаввар. Масъалаи беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ​ ба аҳолӣ баррасӣ шуд

Бо мақсади бознигарии Барномаи кафолатҳои давлатӣ ​ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ​ дар мавзеи Сафед-дараи ноҳияи Варзоб семинарии омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,, вазорату идораҳои дахлдор, шарикон оид ба рушд ва кормандони соҳаи тандурустии мамлакат иштирок намуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии мамлакат хабар доданд.

Айни замон​ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон​ бо мақсади ноил шудан ба фарогирии умумӣ бо хизматрасониҳои тандурустӣ, таъмини дастрасии хизматрасониҳо ва молҳои тиббӣ барои тамоми аҳолӣ ислоҳоти низоми тандурустӣ амалӣ гардида истодааст. Барномаи кафолатҳои давлатӣ дар ноилшавӣ ба ин мақсад нақши калидиро мебозад.

Пас аз мизи мудаввар ба иштирокчиён оид ба маблағгузорӣ ва идоракунии тандурустӣ семинарии омӯзишӣ баргузор гардид. Дар рафти семинари ​ мазкур ба ҷанбаҳои мухталифи Барномаи кафолатҳои давлатӣ аз ҷумла маблағгузории барнома ва ворид намудани тадбирҳои камхарҷу самаранок барои беҳтар кардани дарёфт ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ, аз қабили бемориҳои дилу рагҳо ва диабети қанд таваҷҷӯҳ дода шуд. Дар семинар инчунин масъалаи дастрасии​ маводи доруворӣ баррасӣ карда шуд. Дар асоси натиҷаҳои мубоҳисаҳо дар давоми се рӯзи чорабиниҳо харитаи роҳ барои бозбинии Барномаи кафолатҳои давлатӣ дастрасӣ ба хизматрасониҳои тандурустӣ дар Тоҷикистон таҳия карда мешавад.

Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштироки фаъолонаи иштирокчиён аз сохторҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ва шарикони рушд баҳои баланд дода, изҳори миннатдорӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram