РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Хоруғ озмуни шаҳрии «Намоиши беҳтарин дастовардҳои маҳфилҳо» баргузор гардид

Дар Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  озмуни шаҳрии «Намоиши беҳтарин дастовардҳои маҳфилҳо» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз чил нафар аъзои маҳфилҳои гуногуни Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр иштирок намуданд. Мақсади озмун рушди тафаккури зеҳнию ақлонии кӯдакону наврасон мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар озмун аз 40 нафар довталаб 20 нафар аз рӯи шартҳои ҳунарҳои мардумӣ, ихтироъкорию навоварӣ, сайёҳию кишваршиносӣ, табиӣ-экологӣ ғолиб дониста шуда, ба озмуни вилоятӣ роҳ ёфтанд.

Масъулини Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хоруғ изҳор доштанд, ки даври вилоятии он 15 март дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар маркази вилоят баргузор карда мешавад.

Озмуни шаҳрии «Намоиши беҳтарин дастовардҳои маҳфилҳо» ба татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) бахшида шуд.

Сардори Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хоруғ Зокир Сабзалӣ гуфт, ки «панҷ сол пеш  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тараққӣ додани рушди ҷаҳонгардӣ, муаррифии шоистаи имконияти сайёҳии мамлакат ва расму суннатҳои мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуда буданд.  Ин озмун яке аз он тадбирҳои амалист, ки бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагӣ амалӣ мегардад. Бо амалӣ гардонидани ин иқдоми Пешвои миллат дар тамоми сохтору мақомоти давлатӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва барои амалӣ намудани он тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд».

Дар озмун 40 нафар наврасони ихтироъкор аз муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд. Мақсади асосии озмун, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати машғулияти маҳфилҳо, тафаккури техникии насли наврас, тарғиби илмҳои дақиқ, ҳисси зебоипарастӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, рушди қобилияти зеҳнии хонандагон мебошад. Хонандагон лоиҳаҳои эҷодии худро дар шакли макет ва асбоби худсохт бо истифода аз маводи дастрас, аз ҷумла зарфҳои пластикӣ, матоъ, симу оҳан, коғазҳои ранга, чӯбу тахтапораҳо ба ҳакамон пешниҳод намуданд.

Довталабони озмун бо изҳори сипос аз Пешвои миллат баён доштанд, ки маҳз тавассути чунин маҳфилҳо онҳо лаёқату маҳорати худро боз ҳам бештар такмил медиҳанд ва ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram