РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хатлон: Дар натиҷаи корҳои ҳафриётӣ қисмате аз ёдгории меъмории асрҳои IX-XI ёфт гардид

Экспедитсияи омӯзишӣ-ҳафриётии якҷояи Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дасгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба мукаммал сохтани наминатсияи “Ҳулбук — пойтахти Хатлони қадим” барои ворид намудани ин маҷмаа ба Феҳристи мероси умумибашарии ЮНЕСКО, дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук” дар фарҷоми соли 2022 ва оғози соли 2023 идома ёфтанд. Дар натиҷаи корҳои ҳафриётӣ қисмате аз ёдгории меъмории асрҳои IX-XI, ки ҳамчун дидбонгоҳи қасри шоҳони Хатлон истифода мешудааст, бозёфт гардид.

Ёдгории меъмории ҳафриётшуда, дар шафати қисмати шимолии шоҳроҳи Душанбе-Кулоб ва қисмати ҷанубу ғарбии Қасри Шоҳони Хатлонзамин ҷойгир шудааст.

Хушбахтона таввасути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди садсолаҳо пойтахти Хатлони қадим шаҳри Ҳулбук имрӯзҳо шаҳди сулњу суботи кишварро чашида, аз нав омӯзиш ва эҳё гардида истодааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram