РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзи модар. Таҳти унвони “Нақши занону бонувон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” дар Норак ҳамоиш баргузор шуд

1 марти соли 2023 дар шаҳри Норак бахшида ба «Рӯзи модар» мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши занону бонувон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” баргузор карда шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Норак хабар доданд.

Асозода Дилшод Алимурод -раиси шаҳри Норак кулли бонувони шарафманди шаҳрро бо иди Баҳор ва Рӯзи Модар шодбош намуда, зикр дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: Дар ҳама иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи кӯҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст.

Таърихи ҷомеаи башарӣ ва таҷрибаи пешрафтаи аксари кишварҳои олам нишон медиҳад, ки мустақилияту соҳибистиқлолӣ ба эҷоди миллате бо пайванди иҷтимоии қавӣ ва давлати неруманд боис мегардад. Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад. Дар замони марҳилаҳои навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Хусусан саҳми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад.

Ҳакимзода Зуҳро -муовини Раиси шаҳр зикр намуд, ки занону модарони мо, ки меҳвари асосии ҳар хонадон мебошанд дар баробари мардон шуғли кори ҷамъият, сиёсату идораи давлатро бар дӯш доранд. Бо дасти пурмеҳри худ ниҳоли меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд. Қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram