РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат беш 1000 бех дарахти санавбар шинонида мешавад

2 марти соли 2023 дар қисмати рости шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Баҳор, маҳаллаи Баҳор ҳашари дастҷамъонаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳашари ниҳолшинонии мазкур раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур ва раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо Иброҳим иштирок намуданд.

Маъракаи ниҳолшинонӣ, дар доираи Лоиҳаи «Усули ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳким бахшидани деҳқонони хурд ва чорводорон ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон»-и Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт.

Мавзеи мазкур масоҳати 1,5 гектарро дар бар гирифта, беш аз 300 адад дарахти санавбар шинонида шуд. Дар маҷмуъ дар мавзеи мазкур 1100 бех дарахти санавбар шинонида мешавад, ки обёрии онҳо тариқи қатрагин ба роҳ монда шудааст.

Баъд аз шинонидани дарахтони гирду атрофи ҳудуди номбурда марҳила ба марҳила бо симтур махкам карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram