РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хайрулло Ибодзода бо раиси Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амнияти Сенати Парлумони Қазоқистон Аскар Шакиров мулоқот намуд

9 марти соли 2023 дар Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии сафири кишвар Хайрулло Ибодзода бо раиси Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амнияти Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Шакиров баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар мавриди вазъи феълӣ ва рушди баъдии равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин дурнамои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф тавассути абзорҳои байнипарлумонӣ табодули афкор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram