РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ғуломҳусайн Ҳусайниниё аз Осорхонаи миллӣ дидан намуд

Имрӯз муовини вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ, Раиси Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусайн Ҳусайниниё ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, аз Осорхонаи миллӣ боздид ба амал оварданд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосии муассиса директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Ализода ва дигар шахсони масъул истиқбол намуда, ташрифи онҳоро ба Осорхонаи миллӣ хайрамақдам гуфтанд.

Ба меҳмонон аз ҷониби роҳбалади осорхона дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Тавассути сайри осорхонавӣ меҳмонон оид ба таъриху тамаддуни бузурги миллати тоҷик аз даврони бостон то замони муосир ошно гардиданд.

Таваҷҷуҳи меҳмононро бештар толорҳои намоишии «Саразм» «Ҳахоманишиҳо», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», гӯшаи «Фарҳанги исломӣ», «Дайри Будоии Аҷинатеппа», «Сомониён», «Сиккаҳо», инчунин толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарин ҷалб намуд.

Ҷаноби Ғуломҳусайн Ҳусайниниё пас аз тамошои толорҳои намоишӣ ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ таассуроташро қайд намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram