РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе: корҳои омодагӣ ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз оғоз шуд

Бо мақсади амалӣ намудани қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дар сатҳи зурурӣ баргузор намудани чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ, аз ҷумла Гӯштини байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе, Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ, Фестивали байналмилалии Наврӯз ва Фестивали дӯстии ҷавонон ҷаласаи корӣ доир карда шуд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар маҷлис масъалаҳои марбут ба таҷлили чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои дарпешистода, аз ҷумла баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин Мусобиқаи 4-уми байналмилалии «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз-2023, Фестивали сеюми дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ» ва Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар майдончаҳои варзишӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гуфта шуд, ки ҳамасола дар тамоми манотиқи мамлакат, бахусус шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни аҷдодии Наврӯз мусобиқаҳои варзишӣ, ҳамоишҳои байналмилалӣ ва дигар барномаҳо бо шаҳомати хосса баргузор карда мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram