РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

МН. Созишнома оид ба лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба тасвиб расид

Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа (ЛДСК+)» ба имзо расид. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода доир шуда, дар он вакилон, аз ҷумла Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа (ЛДСК+)» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид карда шуд, ки мақсад аз тасвиби созишномаи мазкур-  ин мусоидат намудан ба гузариши мамлакат ба траекторияҳои рушди устувор бо партовҳои кам ва усулҳои истеҳсоли кишоварзии ба иқлим мутобиқ дар 21 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ мебошад. Ҳадафи лоиҳа- ин рушди устувории экосистемаҳо ва мутобиқсозии воситаҳои зиндагӣ дар ноҳияҳои деҳоти аз тағйирёбии иқлим зарардида мебошад.

Лоиҳа ҳамчунин ба ҳадафу афзалияти Стратегияи миллии рушди мамлакат барои соли 2030 пурра мутобиқат менамояд.

Баромадкунандагон ҳамчунин иброз доштанд, ки ҳадафи асосии Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо назардошти таҷрибаи давлатҳои узви ИДМ ва анъанаҳои миллӣ, ба нишони эътибору эътирофи хизматҳои шоистаи собиқадорону кормандони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҳокимияти олии қонунгузорӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ ҷалби таваҷҷуҳи васеи омма ба нақш ва аҳаммияти фаъолияти асосии ин мақомот маҳсуб мешавад.

Муқаррар намудани рӯзҳои ид барои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999 ва барои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот санаи аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо шудани аввалин қонунҳои даврони соҳибистиқлолӣ: Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот» аз 1 декабри соли 1994 пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ мебошад.

Масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони Маҷлиси намояндагон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Сарвиноз Маҷидзода муаррифӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram