Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар озмуни байналмилалии «Маҳорати нутқ»- и забони ҷопонӣ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар ин бора аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар даври ҷумҳуриявии озмуни байналмилалии «Маҳорати нутқ»- и забони ҷопонӣ 12 нафар донишҷӯи шуъбаи забони ҷопонии донишгоҳҳои ҷумҳурӣ фаъолона ширкат доштанд. Дар натиҷаи ин озмуни бонуфузи ҷаҳонӣ донишҷӯёни факултети забонҳои Осиёи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар ду зина ғолиб баромада, ба даври дуюми он, ки миёни давлатҳо доир мешавад, роҳхат гирифтанд.
Ҷойи якум дар зинаи ибтидоӣ: Саврия Абдулҳаева, донишҷӯи курси аввали ихтисоси забон ва адабиёти хориҷӣ (тарҷумони забони ҷопонӣ); ҷойи якум дар зинаи болоӣ: Манижа Саидова, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти хориҷӣ (тарҷумони забони ҷопонӣ); ҷойи сеюм дар зинаи болоӣ: Шоҳида Абдураҳимова, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти хориҷӣ (тарҷумони забони ҷопонӣ) сазовор шуданд.