РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндагони Тоҷикистон дар намоишгоҳи муди байналмилалии “Fashionshow Ottostadt macht Mode-2023” иштирок карданд

11 марти соли 2023 дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва дар иртибот ба “Солҳои рушди саноат” эълон гардидани солҳои 2022-2026 бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Олмон намунаи либосҳои бо услуби миллӣ дӯхташуда аз маҷмӯаи тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова дар намоишгоҳи муди шаҳри Магдербург “Fashionshow Ottostadt macht Mode” ба маърази тамошо гузошта шуд. ар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов ба ҳозирин дар бораи таърихи атлас, адрас ва чакани тоҷикӣ иттилоъ дода, таъкид дошт, ки санъати гулдӯзии тоҷикӣ “Чакан” соли 2018 ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (UNESCO) шомил карда шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram