РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндагони Вазорати маорифи Малайзия аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон боздид намуданд

Намояндагони Вазорати маорифи Малайзия аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон боздид намуда, бо шароиту имконоти таҳсил дар донишгоҳ ва пойгоҳи моддию техникии ин муассисаи таълимӣ шинос гардиданд. Дар ин бора аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд.

Меҳмонон дар ҷараёни шиносоӣ бо озмоишгоҳҳои таълимӣ ва ҷараёни дарсҳо бо донишҷӯён суҳбат намуданд.

Ташрифи меҳмонон ба синфхонаи таълимии сайёҳии кӯҳӣ ба лаҳзае рост омад, ки профессори Донишгоҳи Бредаи Нидерландия Тео Ван де Лаар ба таври маҷозӣ ба донишҷӯёни  бахши  сеюми ихтисоси менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ дарс мегуфт.

Меҳмонон бо профессор Тео Ван де Лаар суҳбати маҷозӣ анҷом дода, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Малайзия низ ба профессор пешниҳод ироа намуданд.


Баъди боздид аз пойгоҳи омодасозии мутахассисон меҳмонон бо роҳбарияти донишгоҳ мулоқот анҷом доданд.

Намояндагони Вазорати маорифи Малайзия таассуроти неки хешро аз ҷараёни боздид аз шароиту имконияти таҳсил дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баён дошта, бо назардошти имконияти мавҷуда ба роҳ мондани ҳамкории судмандро бо донишгоҳҳои Малайзия мувофиқи мақсад шумориданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram