Дар саҳни Мактаби Президентӣ чорабинии идона бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ доир гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.
Иматшозода Анвар Иматшо, муовини раиси вилоят аз намоишгоҳ ва дастовардҳои муассисаи номбурда дидан карда, ҷамомадагонро аз номи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо фарорасии Наврӯзи оламафруз табрику муборакбод намуд.
Зикр шуд, ки ҷашни фархундаи Наврӯз барои мардуми ориёнажод, алалхусус барои тоҷикион рамзҳои зиёдеро инъикос мекунад. Ин рамз пеш аз ҳама бедории табиат ва шукуфои оламу одам мебошад.
Директори Муассисаи давлатии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ Мавлуда Бойназарзода дар баромади худ меҳмонон ва ҳозиринро ба ифтихори ин иди бузургу аҷдодӣ табрик намуда, аз таърихи пайдоиши Наврӯзи оламафрӯз ва ҷаҳони шудани он ёдоварӣ намуд.
Барномаи фарҳангии хонандагони Мактаби Президентӣ анҷомбахши мантиқии чорабинӣ гардид.