РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТАВАҶҶУҲ! Дар баъзе кӯчаҳои Душанбе ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бинобар сабаби оғози корҳои сохтмонӣ дар қисмати шарқии хиёбони Бобоҷон Ғафуров аз пул-гузаргоҳи кӯчаи Асадулло Ғуломов то кӯчаи Шамсӣ аз 18 март, соати 22:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад.

Тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе корҳои сохтмонӣ дар иншооти «Азнавсозии хиёбони Бобоҷон Ғафуров (аз хиёбони Ҷаббор Расулов то кӯчаи Алишери Навоӣ)» амалӣ шуда истодаанд.

Бинобар сабаби оғози корҳои сохтмонӣ дар қисмати шарқии хиёбони Бобоҷон Ғафуров аз пул-гузаргоҳи кӯчаи Асадулло Ғуломов то кӯчаи Шамсӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти рӯизаминӣ муваққатан қатъ карда мешавад.

Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузоштаро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он, аз ҷумла хиёбонҳои Абуалӣ ибни Сино, Исмоили Сомонӣ, Нусратулло Махсум ва кӯчаҳои Асадулло Ғуломов, Шамсӣ, Муродулло Шерализода, Маяковский, Баҳоуддинов ва Бунёдкорон истифода баранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram