РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тозанашр. «ЧАРО ВА ЧУНКИ»

Таҳти унвони «Чаро ва чунки» китоби нав ба нашр расид. Китобро аз забони русӣ ба тоҷикӣ Ҷумъаи Ҷамол тарҷума кардааст. Китоб барои кӯдакон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ пешбинӣ шудааст.
«Ҳамаи бачагон савол доданро дӯст медоранд, аммо афсӯс, ки на ҳамаи падару модарон барои ҷавоб додан ба саволҳои фарзандонашон вақт меёбанд ва ҳатто баъзе падару модарон худашон ҳам ба баъзе саволҳо ҷавоб дода наметавонанд. Донишномаи мо ба шумо кӯмак хоҳад кард. Дар ин китоб зиёда 300 саволҳое ҳаст, ки бачагон ҷавоби онро донистан мехоҳанд: замин, кайҳон, ҳайвонот, наботот, тамаддуни қадима, эътиқодоту динҳо, таърих, мамлакат ва халқиятҳо, технологияҳои муосир ва ғ. Ҳамроҳи фарзандонатон хонед ва ба онҳо барои рушди ҷаҳонбиниашон кӯмак намоед.
Донишнома барои кӯдакони аз 8-сола боло ва ба доираи васеи хонандагон пешкаш мегардад.
Умед бар он аст, ки китоби мазкур писанди хотири хонандагон гашта, барои тарбияи насли ҷавони миллат саҳме мегузорад»- чунин навишта шудааст дар муқаддимаи китоб.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram