РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷилдҳои 4 ва 5-и китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» муаррифӣ шуд

28 марти соли 2023, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимону ходимони давлатӣ ва коршиносони варзидаи ватанӣ ҷилдҳои 4 ва 5-и китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” муаррифӣ гардид.
Тавре Академияи идоракунии давлатӣ хабар медиҳад, зимни муаррифии китобҳо иброз гардид, ки «китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» аз тарафи донишмандон ва сиёсатмадорони тоҷик таълиф гардида, таҳти назари Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Озода Раҳмон нашр гардидааст».
Нашри китоби мазкур дорои аҳамияти бузурги илмӣ ва амалӣ буда, таърихи 30-солаи ташаккул, рушд ва таҳкими як давлати соҳибистиқлолро зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаро гирифтааст. Дар таҳия ва таълифи асари мазкур 116 нафар олимону донишмандон ва мутахассисони варзидаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла 3 академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 3 узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 22 ходими давлатию ҳизбӣ ва собиқадори хизмати давлатӣ, 24 доктори илм, профессор, 50 номзади илм ва дотсент, 14 нафар устоду омӯзгори академия саҳм гузошт.
Ҷилди 1-и китоб аз 4 боб, 27 зербоб, 398 саҳифа, ҷилди 2 аз 2 боб, 24 зербоб, 430 саҳифа, ҷилди 3 аз 5 боб, 32 зербоб, 500 саҳифа, ҷилди 4 аз 5 боб, 36 зербоб, 552 саҳифа ва ҷилди 5 аз 5 боб, 28 зербоб, 480 саҳифа иборат мебошад.
Дар китоб аз паёмҳо, суханрониҳо ва осори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 523 маротиба иқтибосҳо қайд гардида, дар маҷмӯъ зиёда аз 1000 маротиба аз сарчашма ва адабиёти мухталифи илмӣ иқтибос оварда шудааст.
Ҳамзамон дар панҷ ҷилди китоби мазкур зиёда аз 270 сурати ранга аз фаъолияти созандагӣ ва мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷой дода шудааст.
Дар маҷмуъ китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” дар 5 ҷилд бо муаллифии олимону донишмандон, пажӯҳишгарону собиқадорони хизмати давлатӣ, вакилони мардумӣ, олимони ҷавон ва кормандони касбу кори гуногун таълиф ва ба нашр расидааст.
Дар рафти чорабинӣ муаллифон тазаккур доданд, ки китоби мазкур метавонад, хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хонанда ва наслҳои оянда расонад ва дар замири онҳо тафаккури давлатдорию давласозиро ташаккул диҳад.
Гуфта шуд, ки китоби мазкур дар худ таҷрибаи бойи давлатсозӣ ва бунёдкориро инъикос намудааст, ки метавонад, ҳамчун дурнамо дар роҳи рушду тараққиёти ҳамаҷонибаи давлати миллии мо хизмат намояд. Гуфтан мумкин аст, ки ин китоб хотира ва оинаи таърихи даврони соҳибистиқлолии мо мебошад.
Ошно кардани насли ҷавон ба хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳадафҳои дигари таълифи китоби мазкур мебошад. Ҳамин тавр омӯзиши ҳақиқати таърихӣ ҷавонони моро аз бегонапарастӣ, инкори хидматҳои қаҳрамонони миллат, беэътиборӣ ба равандҳои пешқадами ҷомеа боз медорад ва дар тинати онҳо эҳтиром ва сипосмандиро нисбат ба ашхоси ватанхоҳу ватандӯст бедор месозад.
Бешубҳа, асари мазкур таърихи ҷомеаи Тоҷикистони даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки бо мактаби давлатдорӣ ва хирадгароии Пешвои миллат пайванди ногусастанӣ дорад.
Китоб барои хизматчиёни давлатӣ, унвонҷӯён, магистрантону донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.
Дар охир ба як қатор муаллифони китоб барои саҳми арзанда, фаъолияти бардавому бенуқсон, рӯҳияи ватандӯстӣ ва дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар таҳияи китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” бо Ифтихорномаи Академия сарфароз гардонида шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram