РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи фароғатии Клагенфурт – 2023 муаррифӣ шуд

31 март 2023 дар шаҳри Клагенфурти Австрия, ки яке аз бародаршаҳрҳои Душанбе мебошад, Намоишгоҳи фароғатӣ барпо гардида, дар рафти он гӯшаи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ороста шуд. Дар ин бора аз аз Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати расмии кишвар таҳти роҳбарии Муовини раиси шаҳри Душанбе Ф. Саидзода бо шумули намояндагони мақомоти давлатӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ ҷиҳати муаррифии Тоҷикистон дар чорабинии зикршуда иштирок намуд.

Дар рафти ҳамоиш маълумот роҷеъ ба имкониятҳои сайёҳӣ, аз ҷумла куҳнавардӣ, экотуризм, шикори устувор ва ғ., инчунин маҳсулоти ҳунармандию фарҳангии кишвар ба ҳозирини чорабинӣ ба намоиш гузошта шудаанд.



Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram