РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бахшида ба 10-солагии таъсиси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн намоиш оғоз ёфт

31 март дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 10-солагии таъсиси Донишкада таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» намоиши асарҳои эҷодии донишҷӯёни тамоми ихтисосҳои амалкунанда баргузор гардид. Дар ин бора аз донишкадаи мазкур хабар  доданд.

Дар намоиш як қисми захираи фонди методӣ, ки давоми 10 соли фаъолият ҷамъоварӣ шуда буд, ба намоиш гузошта шуд.

Дар намоиш намояндагони  Вазорати  фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон, арбобони санъат ва дигар намояндагони самти санъати тасвирӣ ва дизайни ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Намоиш то 1 май идома меёбад.

Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли 2013 таъсис ёфтааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram