РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Кувайт мулоқот намуд

30 марти соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт, Зубайдулло Зубайдзода дар ҳошияи чорабинии бахшида ба моҳи шарифи Рамазон, ки аз ҷониби вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат танзим гардид, бо вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Солим Абдуллоҳ ал-Ҷобир ас-Сабоҳ дидор ва гуфтугӯ намуд. Дар мулоқот атрофи роҳҳои тақвият ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои авлавиятнок табодули афкор сурат гирифт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Дар чорабинии мазкур роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавии муқими Давлати Кувайт низ иштирок намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram