РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии Гроднии Белорус вохӯрии маҷозӣ баргузор карданд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрии маҷозӣ бо намояндагони Донишгоҳи давлатии Гроднии Ҷумҳурии Белорус ба номи Янка Купала баргузор гардид, ки дар он оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъдаи ҷонибҳо дар самти санъат, санъати тасвирӣ ва технология мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хабар доданд.

Дар вохӯрии мазкур кормандони шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, сардори раёсати таълим, декан ва муовинони декани факултети санъат ва факултети санъати тасвирӣ ва технология, мудирони кафедраҳои факултетҳои мазкур ва аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Гроднии Ҷумҳурии Белорус ба номи Янка Купала бошад, Александр Евгеневич Каревский – муовини аввали ректор, Андрей Франтсевич Проневич – муовини ректор оид ба илм, Черниловская Людмила Осиповна – декани факултети санъат ва дизайн ва мудирони се кафедраи факултети номбурда ширкат варзиданд. Мақсади вохӯрӣ ин, пеш аз ҳама омӯхтани имкониятҳои ҷонибҳо дар масъалаи ихтисосҳои санъат, санъати мусиқӣ, технология, санъати тасвирӣ, гарфика ва ғайра мебошад. Гузашта аз ин, ҷиҳати мубодилаи илмии омӯзгорону донишҷӯён, таъсиси ихтисосҳои ҳамгиро, бурдани тадқиқотҳои илмии якҷоя, ширкат дар конфронсу ҳамоишҳои илмӣ ҷонибҳо изҳори ақида намба созиш расиданд.

Дар зимн корманди шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Каримов Темур оид ба имконоту дастовардҳои 90 солаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маълумот дод. Ҳамчунин намояндаи Донишгоҳи давлатии Гроднии Ҷумҳурии Белорус ба номи Янка Купала оид ба 3 кафедра пешрафту дастовардҳо ва намунаҳои корӣ, имконоту шароитҳои мавҷудаи ҷониби худ гузориш дод.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров имрӯз бо зиёда аз сад муассисаи бо нуфузи мамолики хориҷӣ робитаҳои ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар самти таълиму илм ба роҳ мондааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram