РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Масъалаи танзими равандҳои муҳоҷират баррасӣ шуд

Имрӯз, 3 юми апрели соли 2023 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи Комиссияи байнидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор иштирок доштанд.

Зимни ҷаласаи мазкур ҳисоботу пешниҳодҳои намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои рӯзнома шунида шуданд.

Дар бораи рафти иҷрои Протоколи 4/43-26 маҷлиси Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 юми сентябри соли 2022 Шаҳноза Нодирӣ шунида шуд.

Вобаста ба масъалаи дигари рӯзнома гузоришҳои намояндагони кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила ва кумитаи дин, танзимни анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи кишвар шунида шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сатториён Матлубахон ба вазорату идораҳои дахлдор барои иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирон супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram