РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имрӯз дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор мешавад

Имрӯз, 4 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон доир мегардад.

Форуми мазкур дар Китобхонаи миллӣ доир шуда, дар он нахуст имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон муаррифӣ мегарданд.

Дар Форум баррасии масъалаҳо оид ба имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика ва сайёҳӣ дар назар дошта шуда, инчунин имконияти ҳамкорӣ аз ҷониби бахши хусусии ду давлат муаррифӣ мегардад.

Дар доираи баргузории Форуми мазкур баимзорасонии санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду давлат- Тоҷикистону Озарбойҷон пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин дар он баргузории мулоқоти дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар сиғаи соҳибкор бо соҳибкор (В2В) дар назар дошта шудааст.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 апрели соли 2023 дар нақша аст.

Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти  Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин, тибқи нақша, пас мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram