РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд

Пагоҳ, 5 апрел Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.  Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи ин сафар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти  Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардида, маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.

Ҳамчунин пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram