РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хатлон. Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» оғоз гардид

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузории даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» оғоз гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Озмун бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ барои соли 2023 бо мақсади баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, расму оинҳои миллию мардумӣ, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик ва тарғиби либоси миллӣ баргузор гардид.

Дар шаҳри Левакант ин чорабинии фарҳангӣ бо риояи талаботи Низомномаи баргузории озмун доир шуда, наминатсияҳои беҳтарин ба даври вилоятӣ, ки охири моҳи апрел ба нақша гирифта шудааст, баргузор мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram