РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Имрӯз дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ба Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе ташриф оварда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ба пояи муҷассамаи Асосгузори нахустин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Имрӯз дар доираи ин сафар инчунин мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон якчанд санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram