РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Истаравшан. Масъалаи рушди ҳунармандӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

5 апрели соли ҷорӣ тибқи нақшаи корӣ таҳти раёсати раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода маҷлиси назоратӣ доир гардид. Дар ин бора аз Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода суханронӣ намуда, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд 31 марти соли ҷорӣ баён доштанд, ба самъи ҳозирин расонида, иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳоро аз масъулини дахлдор тақозо намуд.

Сипас, тибқи рӯзномаи маҷлис рафти амалишавии Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ҷараёни иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Аз ҷумла, зимни таҳлили иҷрои Барномаи рушди ҳунармандӣ таъкид гардид, ки алҳол дар ҳудуди шаҳри Истаравшан зиёда аз 100 номгӯи ҳунармандӣ амал карда, наздик 30 ҳунарҳо эҳё шуда истодааст. Таъкид гардид, ки имрӯз танҳо дар шаҳри Истаравшан Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ фаъолият дорад.

Инчунин 153 ёдгории таърихӣ, 5 меҳмонхона ва 6 осоишгоҳҳо фаъолият дошта, соли 2022 14771 сайёҳ ба шаҳри Истаравшан ташриф овардаанд. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бошад, 2135 сайёҳ ташриф овардааст, ки аз ин ҳамагӣ 12 нафар аз хориҷи кишвар мебошанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram