РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«Ҳафтаи китоб». Як гурӯҳ адибон бо хонандагони шаҳри Душанбе вохӯрӣ намуданд

Имрӯз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 122-и шаҳри Душанбе дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» як гурӯҳ адибон бо хонандагони муассисаи мазкур вохӯрӣ намуданд. Дар ин бора хабарнигори мо аз макони баргузории вохӯрӣ хабар дод.

Меҳмонон ба хонандагон аз навиштаҳои тозаэҷод ва нақши китоб дар таълиму тарбияи насли наврас ва умуман ҷомеа маълумот доданд.

Ёдовар мешавем, ки фестивали имсола ба ифтихори 145-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ баргузор гардида истодааст.

Ҳадаф аз баргузор намудани фестивал- ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккули беҳтарин малакаҳои хониш, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву худогоҳӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Фестивал тӯли як ҳафта дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор шуда, дар доираи он озмуни «Беҳтарин иншо дар мавзӯи «Тоҷикистон -ватани Наврӯз аст», беҳтарин қироати шеър, достон, қасида, ғазал таҳти унвони «Ҷавҳари ҳастӣ сухан аст», озмуни «Хонандаи фаъолтарин», озмуни «Ҳунар беҳтар аз зар бувад», озмуни «Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд» ва маҳфилҳои эҷодии адибони бачагона сурат гирифта, дар охир ғолибону иштирокдорони фаъол бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мегарданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram