РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷаласаи гурӯҳи кории кишварҳои аъзои ИДМ оид ба кинематография баргузор гардид

5-уми апрели соли 2023 дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ва қисман ба таври маҷозӣ ҷаласаи гурӯҳи кории кишварҳои аъзои ИДМ оид ба кинематография баргузор гардид. Дар ин бора аз «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Дар ҷаласа масоили зайл мавриди барррасию муҳокима қарор дода шуданд:

1. “Оид ба таҷриба дар пешрафт ва паҳнкунии маҳсулоти синамоии кишварҳои аъзои ИДМ”

2. “Дар бораи рушд ва тадбирҳои дастгирии синамои аниматсионии кишварҳои аъзои ИДМ”

3. “Доир ба оммавӣ гардонидани синамоҷашнвораҳое, ки дар фазои Иттиҳод баргузор карда мешаванд”

4. “Оид ба рафти корҳо дар таъсиси Иттиҳодияи эҷодии созмонҳои синамоии кишварҳои ИДМ”

5. “Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба кинематография”

Дар кори ҷаласа директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”Маҳмадсаид Шоҳиён, директори “Киноконсерни “Ӯзбекфилм” Одилов Б.К., директори генералии КВ “Киностудияи миллии “Беларусфилм”Карачевский В.В., директори генералии ҶС “Иттиҳодияи истеҳсолию эҷодии “”Студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург” Телнов А.Н.,директори киностудияи “Озарбойҷонфилм” Гусейнов Н.Ф., сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангии Раёсати робитаҳои хориҷӣ ва диаспори Вазорати маориф, илм, фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Арманистон Гигоян Мариам, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи давлатии Туркманистон оид ба телевизион, радио ва кинематография Арчаев А.А., директори департаменти ҳамкориҳои гуманитарӣ, масоили умумисиёсӣ ва иҷтимоии Кумитаи иҷроияи ИДМ Сазонов А.А. ва дигарон иштирок ва роҷеъ ба масъалаҳои рӯзнома ибрози назар намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram