РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бадахшон. Ҷаласаи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир гардид

Имрӯз дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Дар кори он Раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят, раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ, аъзои Шӯро ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа 4 масъала, — интихоб ва тасдиқи Котиб-ҳамоҳангсоз, раиси кӯҳансолон, ҳайати нави Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва тасдиқи нақшаи кории Шӯро барои соли 2023 баррасӣ гардиданд.

Бо ҷонибдории аъзои Шӯро Имомназар Хоҷаназар Лутфулло, котиб-ҳамоҳангсоз ва Дилдорбек Вафобеков, раиси кӯҳансолони Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони интихоб шуданд.

Инчунин ҳайати нав ва нақшаи кории Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои соли 2023 тасдиқ гардида, вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз аъзои Шӯро бобати беҳтар намудани фаъолияти минбаъда дар самти пеш бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ, баргузор кардани суҳбату вохӯриҳои дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят масъулияти дучанд талаб намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram