5 апрели соли 2023 вохӯрии cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо ректори Донишгоҳи Ҳаҷитеппе профессор, доктор Меҳмет Ҷаҳит Гӯран баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории донишгоҳи мазкурро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон муҳокима карда, омодагии худро ҷиҳати тақвияти равобит дар ин самт, изҳор намуданд.