РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Шараф Шерализода бо ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ мулоқот кард

6 апрели соли 2023 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ ва намояндаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон бо роҳбарии хонум Алия Каракулова баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон, густариши ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсия, сайёҳӣ, ва таъсири ин соҳаҳо ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди иқтисодӣ табодули афкор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram