РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«Тоҷикфилм». Филми ҳунарии кӯтоҳи «Сарчашма» ба навор гирифта шуд

Бо мақсади дастгии ҷавонони лаёқатманди соҳаи синамои миллӣ Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» филми ҳунарии кӯтоҳи «Сарчашма»-ро бо коргардонии Пайрав Шарифӣ рӯйи пардаи синамо овард. Дар ин бора аз «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Филми мавзӯйи мубраму доғи рӯзро пайгирӣ намуда, ҷиҳати эҳёю пойдории суннатҳои ахлоқии миллати тоҷик барои ҷавонону наврасон дарси ибрату омӯзиш мебошад.

Қаҳрамони асосии филм бобои Ҳошим ҳамсари марҳумаашро дар хоб мебинаду дарк менамояд, ки фурсати сафар ба дунёи боқӣ фаро расида, бинобар ин ҷиҳати ба ҳам овардани фарзандон, аз парешонию номуросоӣ, онҳоро маҷбур месозад, ки ҳамроҳаш ба кӯҳсор раванд.

Дар натиҷаи сафари пурхатару сангин фарзандон ба ҳам меҳрубону мунис гардида, байнашон иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ барқарор мегардад. Фазои хонаро шодию сурур фаро мегирад. Падар аз ин ҳолат хушҳол гардида, бо хотири ҷамъ ба назди ҳамсараш рахти сафар мебандад.

Гурӯҳи эҷодии филм аз уҳдаи иҷрои вазифаи хеш ба хубӣ баромада, кори коргардон, наворбардор, рассом, оҳангсоз, нақшофарии ҳунарпешаҳо басо ҷолибу хотирмон гардидааст.

Муаллиф ва коргардони таҳиягар Пайрав Шарифӣ донишҷӯйи Донишкадаи кино ва телевизиони шаҳри Санкт-Петербург, наворбардор Мумин Латифӣ, директори филм Ғоибова Раҳима ва продюсери филм Маҳмадсаид Шоҳиён ва Олга Максимова маҳсуб меёбанд.

Намоиши санҷишии филм дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки ҳайати мушовараи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, коршиносону аҳли эҷоди филм баргузор гардида, мақбулу писанди ҳозирин дониста шуд. Филм ҷиҳати ҳимоя ба ҳайси рисолаи дипломии муаллиф ва коргардони ҷавон Пайрав Шарифӣ тавсия гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram