РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ДДХ дар мавзуи «Технологияҳои нав ва методологияи таҳқиқ» ҳамоиш доир шуд

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии “Медикоммуникатсияи маҷозӣ ва реклама: технологияҳои нав ва методологияи таҳқиқ” бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва 25-солагии таъсисёбии кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума баргузор гардид. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хабар доданд.

Дар қисми ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ Аюб Усмонзода  меҳмононро хайрамақдам намуда, ба кори  конференсия ҳусни оғоз бахшид. Номбурда зимнан иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба нақши иттолоот дар шароити муосир мулоҳизаронӣ намуда, аз ҷумла таъкид бар он доштанд, ки “ дар шароити имрӯзаи ҷомеи ҷаҳонӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ, вазъи мураккаби сиёсии минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як фарди кишвар тақозо мекунад, ки беш аз ҳарвақта огоҳ бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, вобаста ба руйдодҳои олам саривақт чораандешӣ намоянд ва дар баъзе мавридҳо вокуниш нишон диҳанд”.

Яъне, барои ба чунин ҳадафҳои созанда дар фазои воситаҳои ахбори умум ноил шудан, сатҳу сифати омода кардани кадрҳои соҳавиро боло бурда, дар баробари ин зарурати таъсиси марказҳо ва студияҳои таълимӣ пеш омадааст.

Қайд гардид, ки ҳодисаҳои зудтағирёбандаи  ҷаҳони муосир, ки имрӯз ба яке аз равандҳои  идоранашаванда табдил ёфта истодаанд, ба фазои иттилоот ва воситаҳои ахбори омма вобастагии калон доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як давлати мустақил ва инкишофёбанда барои ба маҷрои мусбату манфиатовар равона кардани фазои иттилоотии мамлакат, ки ба инкишофи нерӯи ақлониву зеҳнии ҷомеа вобастагии калон дорад, корҳои муҳиму арзандаеро ба сомон расонида истодааст.

Сипас, Тоҷибой Султонӣ, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд баромад намуда, ташкилу баргузории чунин тадбирҳоро дар рушди илми журналистикаи тоҷик муҳим арзёбӣ намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар раванди татбиқи ҳамаҷонибаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат бо роҳандозии тадбирҳои муҳим амалан корҳои муайянеро анҷом дода, дар мукаммал намудани фазоии иттилоотии вилояту ҷумҳурӣ бо ахбори саҳеҳ ва хусусияти манофеи миллидошта, саҳми шоиста мегузорад.

Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ конференсия профессор Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода дар мавзуи “Риояи меъёрҳои байналхалқии журналистӣ дар маводи шабакаҳои иҷтимоӣ” маърӯза намуда, доир ба риояи меъёрҳои ҳирфавӣ ва ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар расонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар расонидани иттилооти дуруст ва беғараз ва орӣ аз ҳангомаҷӯиҳо ибрози назар намуд.

Мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума дотсент Комилов Каримбой дар мавзуи “Медиакоммуникатсияи маҷозӣ: ташаккул ва дурнамои рушд” ва дотсенти кафедраи адабиёти муосири факултети филологияи тоҷик, Аъзамов Субҳон дар мавзуи “Масъалаҳои адабиёт дар расонаҳои интернетӣ” маърӯза намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки мақолаҳое, ки ба кумитаи тадорукоти конференсия ворид гардидаанд, актуалӣ буда, ба сифати китоби алоҳида ба нашр хоҳад расид.
Конференсия кори худро дар се бахш вобаста ба масъалаҳои медикоммуникатсияи маҷозӣ, реклама, технологияҳои нав ва методологияи таҳқиқ идома бахшид.

Дар бахшҳо зиёда аз 100 маърўзаҳои илмии олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба мавзуи зиршуда мавриди таҳлилу баррасии густурда қарор гирифтанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram