РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рушди осорхонаҳои Бадахшон ба даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рост меояд

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳитони Бадахшон дар маҷмуъ 10 осорхона мавҷуд аст, ки аз онҳо  ду  осорхона вилоятӣ мебошад: Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ба номи Хушқадам Қирғизбеков дар шаҳри Хоруғ ва хона-осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур дар ноҳияи Шуғнон. Инчунин  8 хона-осорхона дар дигар ноҳияҳои вилоят фаъолият мекунад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилоят Хушомад Алидодов дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ (18 апрел) иттилоъ дод.

Мавсуф иброз дошт, ки осорхонаҳои вилоят дар умум дорои 14 ҳазору 718 нигора мебошанд, ки 8 575 адади он ба Осорхонаи вилоятӣ рост меояд.  Масоҳати умумии осорхонаҳои вилоят беш аз 1224 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Аз он беш аз 825 м2 майдони намоишӣ мебошад.

«Азбаски минтақаи Бадахшон аз ҷониби ташкилоти байналмилалӣ  ба даҳгонаи беҳтарин мавзеъҳои сайёҳии ҷаҳон пазируфта шудааст, омаду рафти меҳмонон ба минтақа сол то сол меафзояд. Соли 2022 аз осорхонаҳои вилоят 12 474 нафар, аз ҷумла 482 ҷаҳонгарди хориҷӣ дидан намуд», — тазаккур дод ӯ.

Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии Бадахшон ягона маркази фарҳангии вилоят аст, ки таъриху этнография, археология ва маданияту урфу одати мардуми ин минтақаро ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ муаррифӣ менамояд. Осорхона дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти осорхонаҳо, фармону қарорҳои Ҳукумати мамлакат, фармоишу супоришҳои Раиси вилоят ва роҳбарияти шуъбаи фарҳанги вилоят фаъолият намуда, дар пешбурди сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон дар минтақа саҳм мегузорад.


«Тайи 5 соли охир фаъолияти Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии Бадахшон новобаста аз надоштани бино аз байн нарафт, балки бо истифода аз имконоти мавҷуда дар сатҳи қонеъкунанда қарор дошт. Азбаски то вақти ба истифода дода шудани бинои нави театри вилоятӣ осорхонаи мо фақат дар як қисмате аз ошёнаи дуюми бинои собиқ театр ҷойгир буд, фаъолияти намоишии мо хеле маҳдуд шуда буд. Дар ин айём самти фаъолияти осорхона бештар ба корҳои илмӣ-тадқиқотии нигораҳо ва ҳуҷҷатгузории онҳо нигаронида шуда, ташкили Феҳристи фонди осорхона ба роҳ монда шуд. Азбаски дар даврони то соҳибистиқлолии мамлакат ба осорхона диққати зарурӣ равона карда нашуда буд, ҳуҷчатгузорӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолияти он дар сатҳи нокифоя қарор дошт. Бузургтарин коре, ки анҷом дода шуд, ин пурра ҳуҷҷатгузорӣ шудани нигораҳо, ба китоби асосӣ ворид кардани онҳо ва ташкили Феҳристи фонди давлатии осорхона мебошад»,- иброз дошт Директори Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии вилоят Хушомад Алидодов.

Соли 2018 бо пурра кӯч бастани кормандони театр ба бинои нав ошёнаи дуюми театр пурра ба осорхона вобаста шуд. Новобаста аз номутобиқ ва маҳдуд будани ҳудуди намоишӣ кормандони осорхона онро пурра аз таъмири ҷорӣ бароварданд. Дар доираи имконот аз ҳисоби 4 толори хурд ва долони он 5 шуъба: шуъбаи археология ва этнография, шуъбаи табиат, шуъбаи даврони Шӯравӣ, шуъбаи даврони истиқлол ва шуъбаи мусаввараҳо ташкил карда шуд.

Ҳамзамон солҳои охир осорхона дар ташкилу баргузории якчанд барномаҳои фарҳангиву сиёсӣ саҳми арзанда гузошта, дар ҳамаи чорабиниҳои дохиливу берун аз вилоят бо намоиши нигоравӣ самаранок иштирок менамояд.  Аз ҷумла, дар намоишҳои оммавии Рӯзҳои фарҳанги Бадахшон дар вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуда, расму оин ва урфу одати мардуми минтақаро аз тариқи намоиши нигораҳои хеш манзури тамошобинон гардонид. Инчунин аз ҷониби осорхона якчанд чорабинии сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ,  бахусус конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба 120-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шоҳтемур, 90-солагии арбоби давлативу сиёсӣ Моёншо Назаршоев, 180-солагии шоир ва файласуф Суфӣ Мубораки Вахонӣ, бузургдошти шоир Охон Шоҳфутур, 120-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршаккар, 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд, 90-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мъмин Қаноат ва ғайра дар сатҳи баланд баргузор шуд.

Дар ин муддат Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилоят ба маркази методӣ барои дигар осорхонаҳои ҳудуди вилоят табдил ёфта, дар заминаи он барои бозомӯзии кормандони осорхонаҳо чанд маротиба даврҳои омӯзишиву таҷрибавӣ доир карда шуд.

Бо истифода аз маблағҳои худӣ ва кумакҳои пайвастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сол то сол заминаи моддӣ-техникии осорхона беҳбудӣ ёфта, осорхона ба шабакаи интернетӣ пайваст аст ва тамоми шуъбаҳои он бо камераҳои мушоҳидавӣ ва асбоби аксбардории рақамӣ муҷаҳҳаз мебошанд.  Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилоят соли 2017 дар озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих» иштирок  намуда, соҳиби ҷои сеюм гардид.

Хушбахтона, бо ба марҳилаи нави рушд ворид гардидани вилоят диққати мақомоти иҷроия ба осорхона дучанд гардид ва имрӯзҳо осорхона ба марҳилаи нави пешрафт ва густариш ворид гардида истодааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram