РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ноҳияи Вахш анбори нав барои нигоҳдории заҳрхимикатҳои кӯҳнашуда ба истифода дода шуд.

8 апрели соли 2023 бо иштироки муовини якуми Раиси Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода З.С. ва директори Дафтари намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар Тоҷикистон ҷаноби Гучкелдиев Олег анбори партовгоҳи заҳркимиёвии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Дар ин бора аз Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар маросими ба истифодадиҳии анбори заҳрхимикатҳо инчунин муовини раиси ноҳияи Вахш Бадриддинзода Шамсидин, директори МД «Маркази милли оид ба ИУО уҳдадориҳои Конвенсияи Стокголм оид ба ИУО»-и Кумита Ҷураев А.Ш., кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист, роҳбарони шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ва сокинони Ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахш иштирок намуданд. Сохтмони анбори партовгоҳи заҳрхимикатҳои кӯҳнашуда дар чаҳорчӯби лоиҳаи ФГЭ/ФАО «Идоракунии давраи ҳаёти заҳрхимикатҳо ва безараргардонии заҳрхимикатҳои дорои ифлоскунандаҳои органикии доимӣ (ИОД) дар Осиёи Марказӣ ва Туркия» бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) анҷом дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳадафи асосии ин иқдом коҳиш додани партовҳои ифлоскунандаи органикии доимӣ аз захираҳои кӯҳнашудаи заҳрхимикатҳо ва ҷойҳои олудашуда, таҳкими иқтидор барои идоракунии дурусти заҳрхимикатҳо мебошад.

Айни замон дар Тоҷикистон тақрибан 200 партовгоҳои хурд мавҷуд аст, ки онҳо дар наздикии маҳаллаҳои истиқоматӣ ҷойгир буда, заҳрхимикатҳои кӯҳнашуда дар онҳо гӯр карда шудаанд. Аксари ин заҳрхимикатҳо ифлоскунандаҳои органикии доимӣ (ифлоскунандаҳои органикии доимӣ — ИОД) – моддаҳои кимиёвие мебошанд, ки дар муҳити зист боқӣ монда ва муддати тӯлонӣ хатар эҷод мекунанд. Ин моддаҳои кимиёвии заҳролуд аксар вақт дар ҳавои беруна дар зарфҳои оддии ковок нигоҳ дошта дар хандакҳои на чандон чукур, дафн карда мешаванд.Дар натиҷа ин боиси минбаъд ба хоку об ҷоридани моддаҳо оварда, ба муҳити зист зарар расонида, ба саломатии инсон хатари ҷиддӣ мерасонад.

Дар доираи корҳои барқарорсозӣ дар партовгоҳи нави Вахш то охири соли 2023 дар назар аст, ки 409 тонна заҳрхимикатҳои ИОД (ифлоскунандаҳои органикии доимӣ) ва 4769 тонна хоки бо заҳорхимикатҳо олудашуда тоза ва безарар гардонда мешаванд.

Ифтитоҳи анбор дар партовгоҳи Вахш як қадами муҳим дар ҳалли мушкилоти экологии Тоҷикистон дар робита ба коркарди заҳрхимикатҳои кӯҳна мебошад. ФАО ҳамкории зичро бо Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ дар соҳаи идоракунии заҳрхимикатҳо ва бартарафсозии ҷойҳои олудашуда идома медиҳад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram