РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Исмоили Сомонӣ рӯзи пойтахт таҷлил шуд

14 апрели соли 2023 бахшида ба рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Душанбе шаҳри ҷавонӣ” баргузор гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар доданд.

Дар оғози барномаи фарҳангии “Душанбе шаҳри ҷавонӣ” муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим тамоми сокинон ва меҳмонони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва шаҳри Душанберо ба муносибати фарорасии Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуд.

Қайд шуд, ки шаҳри Душанбе хонаи умеди тоҷикони дунё буда, таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷиро торафт ҷалб намуда истодааст. Шаҳр ҳамчун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои захираҳои бойи сайёҳию инфрасохтори мукаммал буда, тули солҳои охир ба макони баргузории чорабиниҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ табдил ёфт ва дар таҳкиму тақвият бахшидани нуфузи байналмилалии Ватанамон нақши бузург дорад.

Дар чорабинии мазкур тамоми сокинони сарбаланди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва меҳмонони дохилию берунӣ иштирок намуданд ва аз ҷониби ҳаваскорони ҷавон ва устодони санъати тоҷик суруду таронаҳои ҷолиб манзури иштирокдорон гардид, ки дар фазои идона сокинони сарбаланди ноҳияи Исмоили Сомонӣ шодиву хурсандӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram