РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи сайёҳӣ тақвият меёбанд

Дурнамои рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи сайёҳӣ дар мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо ҷонишини котиби комиҷроияи шаҳри Қошғар, раиси шаҳр Яшенсзян Яхефу ва ҳайати ҳамроҳаш аз Маъмурияти минтақавии Қошғари ноҳияи Синҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ изҳор намуд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи пешрафтаи Чин дар соҳаи сайёҳӣ мубодилаи таҷрибаро барои субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ муҳим арзёбӣ намуда, ҷониби Чин барои иқдомҳои муштарак дар ин самт изҳори омодагӣ намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram