Ҳамоиши омӯзишӣ- иттилоотӣ дар доираи амалишавии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 вобаста ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва зарурати таҳсили ҷавондухтарон Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” вобаста ба баррасии Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва зарурати таҳсили ҷавондухтарон бо иштироки роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ҳамоиши омӯзишӣ-иттилоотӣ доир намуд. Дар ин бора аз Кумитаи мазкур хабар доданд.
Чорабинӣ таҳти раёсати муовини якуми Раиси Кумита Ғаффорзода Нигорахон баргузор гардида, зикр карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кўдак тавассути мустаҳкам намудани заминаи қонунгузорӣ корҳои зиёдеро роҳандозӣ намудааст. Ҳанӯз аз соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак аъзо гардида, ба ғамхорӣ ва кӯмаки кӯдакон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Ин аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 34 дарҷ гардидааст, ки “Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд”. Бо мақсади тадбиқи ин меъёри конститутсионӣ дар ҷомеа аз 18 марти соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ” қабул гардидааст, ки ҳадафи қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва кафолатҳои давлатии амалишавии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.
Давлат барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди камолоти маънавию ҷисмонии кӯдак тавассути маҷмӯи чорабиниҳои иҷтимоию иқтисодӣ тадбирҳо меандешад, зеро ҳар як кӯдак дар баробари дигар аъзоҳои оила ба зиндагӣ ва шароите ҳуқуқ дорад, ки барои инкишофи мукаммали ҷисмонӣ, равонӣ ва маънавию ахлоқии ӯ зарур аст. Дар ин робита, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсии кӯдак бояд ҳифз карда шавад.
Мақсад аз баргузории ҳамоиш, пеш аз ҳама, баланд баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ вобаста ба таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак, пешгирии поймолшавии ҳуқуқҳои онҳо, хатар ва оқибатҳои зӯроварӣ нисбати кўдакон, инчунин, зарурати таҳсили ҷавондухтарон маҳсуб меёбад, зеро оила, мактаб ва чомеа дар таъмини ҳуқуқ ва манфиати кӯдакон нақши муҳим доранд.
Дар ҳамоиш сардори шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ Суҳайлӣ Абдуҳафиззода, муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фируз Султонзода ва мудири шуъбаи иттилоот ва робитаи Муассисаи давлатии “Маркази солимии репродуктивӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раъно Кулобиева дар атрофи масъалаи болозикр ибрози андеша намуданд.