РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистон ва Чин масъалаи анҷоми сохтмони қисмати боқимондаи роҳи «Душанбе – Кулма»-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки соҳаи нақлиёт ва логистика, хусусан сохтмони роҳи мошингарди «Душанбе – Кулма», ки аҳамияти минтақавӣ дорад, зимни мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳайати намояндагони шаҳри Қошғари Ноҳияи мухтори Шинҷону Ӯйғури Чин таҳти сарварии шаҳрдори Қошғар Ясинҷон Яхеп дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иброз гардид, ки бо шарофати мулоқоти мунтазам, эътимоди тарафайн ва иродаи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин муносибатҳои шарикии стратегӣ байни ду давлати ҳамҷавор ба марҳилаи сифатан нав расида, робитаҳо дар тамоми соҳаҳо пайваста рушд меёбанд.

Ҷониби Тоҷикистон тазаккур дод, ки бо кумаки Чин соли гузашта татбиқи лоиҳаи қисмҳои қитъаи калидии навбати 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Кулма оғоз гардид. Ин лоиҳа 93 км роҳи автомобилӣ, 2 нақб бо дарозии 5,2 км, 5 долони нақлиётӣ ва дигар иншооти муҳандисиро дар бар мегирад.

Ҷонибҳо инчунин ба масъалаҳои марбут ба ҳаракати бемамониати борҳо тавассути нуқтаи гузаришу назоратии «Кулма-Қаросу», инчунин ҷалби маблағгузории Чин барои сохтмон ва таҷдиди қисми боқимондаи (296 км аз 1008 км) роҳи мошингарди «Душанбе-Кулма» бо мақсади зиёд кардани ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалӣ дахл карда, барои имзои санади расмӣ роҷеъ ба ин масъала дар ояндаи наздик ба мувофиқа расиданд. Инчунин мусоҳибон омодагии худро ҷиҳати идома ва густариши ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ва муколамаи «Осиёи Марказӣ – Чин» изҳор доштанд.

Бояд гуфт, ки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар асоси Созишномае, ки 27 августи соли 2008 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расидааст, амалӣ мегардад.

Дар айни замон ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли бор бо Чин, бахусус тавассути нуқтаи гузаришу назоратии «Кулма-Қаросу» дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, ҳаҷми интиқоли борҳо тавассути ин нуқта ду баробар афзудааст.

Дар анҷоми мулоқот роҳбари ҳайати Чин, шаҳрдори Қошғар Ясинҷон Яхеп намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистонро барои иштирок дар ярмаркаи тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки 21-25 июни соли равон бори 13-ум дар Қошғар баргузор мешавад, даъват намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram