РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзи пойтахт. Бахшида ба ин рӯз дар ДМТ Озмоишгоҳи технологияҳои компютерӣ ва Осорхонаи факултети ҳуқуқшиносӣ ифтитоҳ шуд


Ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯзи таърихӣ аз ҷониби сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ чорабиниҳо ва иқдомҳои назаррас рӯйи кор меоянд. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.
Вобаста ба ин рӯз бо ибтикори роҳбарияти донишгоҳ имрӯз барои ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ду туҳфаи арзанда супорида шуд, ки яке Озмоишгоҳи технологияҳои компютерӣ дар факултети фалсафа ва дигаре Осорхонаи факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ мебошад.
Ин ду рӯйдоди муҳим барои устодону кормандон имкониятҳои гуногун, аз қабили баргузории чорабиниҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбиявиро фароҳам меорад. Итминон дорем, ки ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ аз Озмоишгоҳи мазкур хуб истифода бурда, аз Осорхона бошад ғизои баланди маънавӣ мегиранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram