РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Қалъаи Хуҷанд дидан намуд


Дар асоси дастуру ҳидоятҳои​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдоми роҳбарияти вилоят чанд сол аст, ки​ дар маркази вилоят корҳои таъмиру барқарорсозии иншооти қадимаву нодир —​ Қалъаи Хуҷанд идома дорад. Корҳои таҷдиду таъмири иншооти таърихӣ бо ҷалби олимону бостоншиносон ва пажӯҳишгарон сурат гирифта, раванди корҳои сохтмонӣ зери назорати доимии​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарор дорад.
Раиси вилоят зимни боздиди навбатӣ бо корҳои таъмиру таҷдиди иншооти таърихӣ шинос гардида, ҷараёни кори сохтмончиёну ороишгарон, пардозгарону наққошон, рассомон,​ тиллокорону ҳунармандонро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Зимни шиносоӣ ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки имрӯзҳо 250 нафар ҳунармандон ва сохтмончиён дар корҳои барқарорсозӣ ва бунёди бинои маъмурӣ, хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, осорхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷалб гардида, корҳо тибқи нақша пеш меравад.
Раҷаббой Аҳмадзода барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо ба масъулини Идораи сохтмони асосии вилоят супоришҳо дода, таъкид кард, ки таъмиру тармими иншооти таърихии халқи куҳанбунёдамон зери таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва он бо назардошти тамоми унсурҳои таърихӣ азнавсозӣ карда хоҳад шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram