РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе. Консерти муштараки композиторон ва бастакорони Тоҷикистон ва Узбекистон доир мешавад

Интизор меравад, ки моҳи май дар шаҳри Душанбе консерти муштараки композиторон ва бастакорони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардад. Масъалаи мазкур дар мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Раиси Иттифоқи композиторон ва бастакорони Узбекистон Рустам Абдуллоев, ки имрӯз дар Тошканд доир гардид, баррасӣ шуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Ҷумҳурии Узбекистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкориро дар соҳаи санъати мусиқӣ ва ташкили курсҳои касбӣ барои композиторони ҷавон баррасӣ намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки соли  гузашта бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар Ҷумҳурии Узбекистон консерти муштараки ду ниҳод ба муносибати 30-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Узбекистон дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Дар ҳошияи он Ёддошти тафоҳум байни Иттифоқи композиторон ва бастакорони Узбекистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба имзо расид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram