РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон 3 ҳазор ёдгории таърихӣ мавҷуд аст

Имрӯз, 18 апрел Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ  мебошад. Ин сана бо қарори ЮНЕСКО соли 1984 қабул гардид. Бахшида ба ин сана имрӯз бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Инъикоси ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ дар эҷодиёти рассомон» намоиш ва ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Тавре муовини аввали Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ҳазор ёдгории таърихӣ мавҷуд буда, аз инҳо 76 фоиз ёдгории бостонӣ, 24 фоизи он ёдгории меъморӣ ва боқимонда ёдгории меъмориву монументалӣ мебошад.

Мероси таърихию фарҳангии тоҷикон маҳсули ташаккули ин миллати қадимӣ ба шумор меравад. Он маҳсули тафаккур ва эҷоди тоҷикони тамаддунофар буда, таърихи миллати моро дар давраҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятии ниёгон- аз давраҳои антиқа то имрӯз дар шакли бошишгоҳ, маъбадҳо, қасру қалъа, мақбара, мадраса ва дигар намуди хоси фарҳанги мероси ғайриманқули миллӣ таҷассум менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои ниҳоят зиёд ба анҷом расонида истодаанд.

Аллакай ба ҷаҳониён исбот гаштааст, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳои калидии Шоҳроҳи бузурги абрешим дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддии нотакрори халқии тоҷик дар ин ҷода мавқеи устувор доранд.

Яке аз воситаҳои дигари ҳифозати осори гузаштаи ниёгон- ин таъсиси мамнуъгоҳҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад.  Дар фаъол гардонидани соҳаи сайёҳӣ мамнуъгоҳҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Маҳз ҳамин объектҳо ва ҳудудҳои ба онҳо наздик дар бисёр маврид ҷойҳои тамошобоби таърихию фарҳангӣ ва табиӣ, ҷойи нигоҳдошти урфу одат ва анъанаҳои миллӣ буда, воридсозии технологияи сайёҳиро талаб менамоянд. Нигоҳдорӣ ва муҳофизати объектҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ бо мақсади рушди туризми ҷаҳонӣ ҳоло яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти давлатии нигоҳдории мероси таърихию фарҳангӣ ва табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон шумораи муассисаҳои мансуб ба ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар давраи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бамаротиб афзоиш ёфта, таваҷҷуҳ ба мероси моддии ниёгон ва худшиносии миллӣ тадриҷан афзун гардидааст.

Шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти давлатҳои Конвенсияи Гаага ва моҳи ноябри соли 1993 дар ҳудуди Осиёи Миёна яке аз аввалинҳо шуда, ба ЮНЕСКО аъзо шудани Тоҷикистон нуфузу эътибори ҷумҳурии моро на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон низ хеле баланд намуд.

Аллакай ба ҷаҳониён исбот гаштааст, ки шаҳрҳои бостонии Саразм, Ҳисор, Кӯлоб, Хуҷанд, ёдгориҳои меъмории Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Муҳаммад Башоро, Мақбараи Хоҷа Нақшрон, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, бозёфти қадимтарин навиштаҷоти ирфонӣ бо забони ноби тоҷикӣ, инчунин девормусаввараҳо, гаҷкориҳо бо тасвирҳои набототӣ, ҳандасӣ ва зооморфӣ аз шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, девормусаввараҳои Панҷакенти қадим ва шаҳри Бунҷикат, муҷассамаи Буддо аз ёдгории бостонии Аҷинатеппа, Қалъаи Ямчун, Маъбади Зонг, ёдгории меъмории Карон, бозёфти «Хазинаи Амударё» аз ҳудуди шаҳраки эллинистии Тахти Сангин ва ғайра, ки қатрае аз баҳри сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошанд, ҳамчун сарвати нодири мероси фарҳанги ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.

Зимнан бояд гуфт, ки дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзу нигоҳдошти мероси моддӣ 17 санади меъёрӣ ва ҳуқуқӣ қабул гардидааст.

Инчунин эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон мусоидати комил менамояд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram