РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлуба Сатториён бо ҷараёни сохтмони бинои нави мактаб-интернати шаҳри Истаравшан шинос гардид

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуба Сатториён ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд ҷиҳати расонидани тӯҳфаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиягирандагони мактаб — интернатҳо, ки тайи чанд рӯз идома дорад, бо ҷараёни сохтмони бинои нави мактаб — интернати шаҳри Истаравшан шинос гардида, ҳамзамон аз вазъи хобгоҳ, китобхона огоҳ ва бо тарбиягирандагони ин муассиса суҳбат доир намуданд. Дар ин бора аз Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, алҳол дар мактаб — интернат 106 нафар тарбиягирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар доираи ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷиҳати бунёди бинои нави таълимӣ барои тарбиягирандагони мактаб — интернати шаҳри Истаравшан хишти аввал гузошта шуда, дар ин самт аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои харидории масолеҳи сохтмонӣ 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст ва корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram