РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзи байналхалқии ҳифзи ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ таҷлил шуд

18 апрели соли ҷорӣ бо ташаббус Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи байналхалқии ҳифзи ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ” дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарщанги мамлакат хабар доданд.

Дар чорабинии мазкур Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Котиби генералии Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон Зулфия Бурҳон, роҳбарияту кормандони Осорхонаи миллӣ, намояндагони 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳо, донишҷӯёни мактабҳои олии пойтахт, намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст бо буридани лентаи рамзӣ таҳти унвони “Инъикоси ёдгориҳои таърихӣ дар офаридаҳои рассомон” намоиш ифтитоҳ гардид.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ мусаввараҳои офаридаи рассомон Довутов З. “Эҳё”, Бровидский В. “Масҷид дар Ҳисор”, Бекназаров М. “Устод ва шогирдон”, Сидоренко В. Л. “Масҷид”, Камелин А. Н. “Ҷомӣ дар китобхонаи Ҳирот”, Хушвахтов Х. Д. “Самарқанд”, Юлдошев Н. “Бухорои куҳан”, Сидоренко В. Л. “Ишғоли қалъаи Ҳисор”, Абдурашидов Р. “Қалъаи сурх”, Манизер Г. М. “Манораи калон”, Камелин А.Н. “Мадрасаи нав дар Ҳисор”, Довудов З. “Симои Абуалӣ ибни Сино”, Олимов Э. “Шоми қалъа” ва Яқубова Д. “Қалъаи Ҳисор” пешниҳод шуданд.

Сипас, дар маҷлисгоҳи Осорхона ҳамоиш баргузор гардида, дар кори он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Зафаршо Иброҳимзода ва Котиби генералии Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон Зулфия Бурҳон суханронӣ намуданд.

Дар идомаи чорабиниҳои ҷашнӣ озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақола дар мавзӯи «Ҳифзи мероси таърихӣ -вазифаи ҳар яки мост!», ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ» эълон гардида буд, ҷамъбаст ва ғолибон эълон карда шуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки намоиши “Инъикоси ёдгориҳои таърихӣ дар офаридаҳои рассомон” дар Осорхонаи миллӣ то санаи 1 майи соли равон идома меёбад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram