РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Екатеринбург барои наврасони тоҷик даврҳои омӯзишии томактабӣ ифтитоҳ гардид

16 апрел дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия даврҳои омӯзишии томактабӣ барои фарзандони тоҷикони муқими ин шаҳр оғоз гардид. Дар ин бора аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия хабар доданд.

Даврҳои омӯзишӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи «Гилдияи омӯзгорони забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ дар минтақаи Урал» дар доираи барномаи «Мактаби якшанбегии забони русӣ барои наврасони синни томактабӣ» бо пуштибонии роҳбарияти ноҳияи Железнодорожнийи шаҳри Екатеринбург ва дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти тоҷикон «Дидор» ба таври ройгон ташкил карда шуд.

Дар навбати аввал 25 навраси тоҷик ба ин даври омӯзишӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо омӯзгорони касбӣ таълим хоҳанд дод.

Тибқи нақшаи роҳбарони барнома, дар оянда имкон аст, ки доираи васеи ҳамватанон ба ин машғулият фаро гирифта шавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram