РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

“Филмномаҳои Шераки Ориён” барои дарёфти ҷоиза пешниҳод шуд

Китоби филмноманависи тоҷик Абдурофеъ Рабизода (Шераки Ориён) “Филмномаҳои Шераки Ориён”, ки дар ду ҷилд рӯйи чоп омадааст, барои дарёфти ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳод гардид. Дар ин бора аз “Тоҷикфилм” хабар доданд.

Нахустин маротиба ҷиҳати дарёфти ҷоизаи мазкур китоби филмномаҳо низ пешниҳод карда шуд.

Мавриди ёдоварист, ки як ҷилди китоби мазкур бо дастгирии директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён нашр гардида, дар таърихи синамои миллӣ ин нахустин маҷмуаи филмномаҳои тоҷикӣ ба ҳисоб рафта, 30 филмномаро дар бар мегирад, ки барои филмбардорони ҷавон, алоқамандони синамо ва хоҳишмандон ҳамчун дастурамали омӯзишӣ арзёбӣ мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram